Табрикоти Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ба ифтихори бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 ноябри 2021, сешанбе
Бо таровату нафосату баракати насими файзбори сулҳу ваҳдат ва ҳамгироиву якдилии миллати тоҷик Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар доираи ҷашни муқаддаси миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, аз номи модарону бонувони сарбаланд ба кулли мардуми шарафманду хушиқболи тоҷик сидқан табрику муборакбод менамоям.
Дар фазои сулҳу амонии беназири кишвар таъмин гардидани зиндагии шоистаи мардум ва рушди босуръати иқтисоди миллӣ, ки бо ташаббус ва ибтикороти азими қаҳрамони Ваҳдат ва сипари боэътимоди Истиқлолият муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, гувоҳи гузоштани гомҳои устувор баҳри ояндаи дурахшони миллат дар як давлати рў ба рушду нумуъ аст.
Дар саҳифаҳои таърихи башарияту давлатдорӣ нақши пурарзиши Пешвои муаззами миллат барои ба даст овардани неъмати бебаҳои сулҳу ваҳдат, истиқлолияти комил ва таъмини фазои осудаи кишвар чун сиёсатмадори барҷаста ва ходими намоёни давлатӣ, ки тамоми қувваю дониш ва малакаашонро барои поягузорӣ ба бунёди давлати миллии тоҷикон равона намуданд, бо хатҳои зарҳалин сабт мегардад.
Модарони тоҷик аз он мефахранду меболанд, ки чунин қавипайкар фарзанди баору номус, ватандору ватанпарвар доранд, ки дар солҳои пурошўби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бар ивази ҷони ҷавони хеш ашки ғаму ҳасрати модарону хоҳаронро ба ашки шодиву сурур мубаддал гардонид.
Таманнои онро дорем, ки барору комёбиҳои беназир дар густариши раванди давлатдорӣ, таҳкими пояҳои сулҳу дўстӣ, ваҳдату истиқлолият, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ҳамеша ҳамрадифи калому мароми миллати солори тоҷик бошанд ва Пешвои маҳбубу халқпарвари миллат чун шоҳсутуни фўлодин соябони сари давлату миллати соҳибтамаддуну фарҳангсолори тоҷик саломату сарбаланд бошанд!
Фархундаҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқи шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол муборак бошад !