Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Занон ва интихобот

22 январи 2020, чоршанбе

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштараки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани фаъолнокии занону ҷавонон дар давраи интихобот дар толори Кумита мизи мудаввар тањти унвони “Занон ва интихобот” баргузор гардид.

Чорабиниро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳ.Ҷ ҳусни оғоз бахшида,  оид ба муҳимият ва шаффофияти гузаронидани интихобот ва риояи қонуну қоидаҳои интихобкунандагон сухан ронданд.

Ҳамзамон муовини Раиси Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода М.У. оид ба  ҳуқуқҳои занону ҷавонон дар интихобот, коршинос Соҳибов Муҳаммадҷон аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории интихоботи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Д оид ба фаъолгардонии нақши ихтиёриён дар ташвиқи интихобот баромад намуданд.

 

Поделиться в