Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Эҳдо ба Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

16 ноябри 2021, сешанбе

 

Дилам ҳар лаҳза меларзад, ки торе кам нагардад аз сари мӯяш,

Дилам ҳар лаҳза меларзад, ки ожанге нарӯяд дар бари рӯяш.

Дилам бисёр хоҳад, Пешво ҷовид бошад бар сари қудрат,

Ки ин миллат, ин давлат набинад сахтиву иллат.

Дилам бисёр меболад, ки шӯҳратёр дар рӯи ҷаҳон бошад,

Парафшон Парчамаш то қуллаи Боми ҷаҳон бошад.

Суруди сулҳи ӯ бошад таниндоз андар арсаи гетӣ

Нуфузи Пешвоям то ҷаҳон боқист, ин сон ҷовидон бошад.

Дилам бисёр мехоҳад, ки ҳаргиз хам набинад қомати сарваш,

Ки ҳамчун куҳи оҳан такягоҳи тоҷикон бошад.

Дилам бисёр мехоҳад, ки  шуҳратёри Фаррухпай,

Сулаймони замон бошад, баҳораш бехазон  бошад.

Таманноҳои моро чун туӣ зебанда, эй, Роҳбар,

Балогардони роҳи ту, дуои  модарон бошад.

Дилам ҳар лаҳза мегуяд, зиҳӣ эй Пешвои мо!

Ба қалби мардуми меҳан ту дорӣ маъману  маъво.

Дилам бисёр мехоҳад ба бахти мо,

Ба бахти миллати солеҳу бедаъво

Тавоно пайкараш аз ранҷҳои ин замона дар амон бошад.

Дилам бисёр хоҳад, Пешво бошад ҳамеша  бар сари давлат,

Бигуям, аз самими дил:  зафар ёрат, зафар ёрат!”.

 

Азимова Маҳбуба корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар таҳрири Ваҳобзода Рустам

Поделиться в