Маҷлис- вохӯриҳо
Аз ҷониби бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб вобаста ба шарҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаи «Нақши зан дар таҳкими ҷомеа ва интихобот» бо иштироки сокинони маҳаллаҳои гирду атрофи дар ҷамоати деҳоти Чорбоғ маҷлис-вохӯрӣ доир гардида, дар баробари масъалаҳои болозикр омодагӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ, иштироки фаъоли занону ҷавонон дар интихоботи дарпешистода, инчунин пешгирӣ аз бемории ВНМО/БПМН ва терроризму ифротгароӣ, пешгирии талоқ ва тамоюли бегонапарастӣ миёни занону ҷавондухтарони ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.