Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

"Воситаҳои муосири рушди соҳибкории занон"

19 ноябри 2021, ҷумъа
Форуми соҳибкорзанон таҳти унвони "Воситаҳои муосири рушди соҳибкории занон" бо иштирок ва суханронии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Кодирзода ва муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Нигорахон ва баргузор гардид.
Кори Форуми мазкурро муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Кодир пеш бурда, сардори шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатхои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон Акобирова Ҷавоҳир дар бахши якуми Форум, ки "Заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии рушди фаъолияти соҳибкории бонувон дар Ҷумҳурии Точикистон"-ро мавриди таҳлил қарор дод, баромад намуд.
Дар Форум молу маҳсулоти соҳибкорзанон ба маъраз гузошта шуда, миёни иштирокчиёни Форум мулоқот ва мубодилаи афкор суръат гирифт.

Поделиться в