Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият

12 феврали 2020, чоршанбе

Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2019 ва нақшаҳои минбаъда барои нимсолаи якуми соли 2020 бо иштироки 29 нафар намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Раиси Кумита Қурбонзода Ҳ.Ҷ аз рафти амалишавии барномаҳои соҳавӣ, нақшаи чорабиниҳо, ҳамкориҳои Кумита бо сохторҳои давлатӣ ва шарикони рушд оиди беҳдошти вазъи занону духтарон дар ҷомеа, тақвияти муносибатҳои оилавӣ, сиҳатии занону бонувон ва дигар масъалаҳои мубрам гузориши фишурда манзур дошта, рӯзноманигорону хабарнигорон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.   

 

Поделиться в