Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз

24 ноябри 2021, чоршанбе

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хонаи меҳр”-и Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахурон ва маъюбони шаҳри Душанбе чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Фурқат Муродзода- мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Зарипова Муҳаббат Раиси ташкилоти ибтидоӣ, Дилфуза Давронова — намоянда аз Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулсифат Абдураҳимов – намоянда аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, ансанбли Шашмақом иштирок намуданд.

Зарипова Муҳаббат чорабиниро ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ҳозирин, муаррифӣ намуда қайд намуд, ки “Воқеан, парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарасти мамлакат ба ҳисоб рафта, 24-уми ноябри ҳар сол Рӯзи парчам бо камоли ифтихору эҳтиром нисбат ба яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад”. Сипас Фурқат Муродзода баромади худро дар мавзӯи “Парчами миллӣ нишонаи озодиву саодати миллат” ироа намуда қайд намуд, ки парчам ҳамчун ифодакунанда ва баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдору бегазанд нигоҳ доштани дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.

Ҳамчунин Дилфуза Давронова қайд намуд, ки “Мазмун ва муҳтавои парчами давлатии мо дарбаргирандаи хусусиятҳои хоси миллӣ, ифодагари устувории давлат, нишонаи ҷоннисории фарзандони содиқи Ватан барои озодӣ ва намунаи заҳмати созандаву ободкорӣ ба хотири ободии кишвар мебошад”.

 

 

Поделиться в