Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Парчам- рамзи озодии миллат

24 ноябри 2021, чоршанбе
Имруз бо ташаббуси Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мизи мудаввар, таҳти унвони “ Парчам- рамзи озодии миллат” ташкил ва баргузор гардид.
Мизи мудавваро Аминзода Манижабону - мудири Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро ҷиҳати иштирокашон дар кори мизи мудаввар хайрумақдам намуданд.
Дар кори мизи мудаввар Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - Зуҳурзода Заррина, Мусоҷонзода Ҷамила- ноиби Ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айни, мудири Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Шаҳобов Сайалӣ, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Маҳмудзода Нусратулло иштирок ва суханрони намуданд.
Ҳамзамон, дар баргузории мизи мудаввар мутахассисони ҷавон, омӯзгорон ва зиёда аз 30 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.

Поделиться в