Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Табрикоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон

24 ноябри 2021, чоршанбе
 
Таҷлили имсолаи ҷашнвораи фархундаи Рўзи Парчам бо рўйдоди муҳими сиёсӣ тантанаи истиқбол аз ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, хурду бузурги кишвар аз ин рўйдодҳои тақдирсоз фараҳманд ва ба ояндаи дурахшони миллату давлат назари неку комил доранд.
Пешвои миллат, Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллӣ дар суханрониашон қайд намуданд, ки «Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад».
Аз ин ҷост, ки Парчам ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, нишони истиқлолияту ваҳдат ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангдўст, муаррифгари давлату халқият буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Парчами миллӣ нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзар ҳаммароми «Дирафши Коваён» аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллии давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзамини тоҷикон башорат медиҳад.
Парчами миллӣ рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сўи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад.
Парчами миллии мо дар қатори Парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баланди пояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору руҳбаландб ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад.
Имрўз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихор дошта, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ ва истиқлолияти ватан чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наврасону ҷавонон, ба созандагони ватан талқин намоем.
Бигузор, Парчами Тоҷикистон доимо дар болои сари давлату миллат парафшон ва сулҳу оромӣ пойдор бошад!
Ба хотири ҷашнвораи Рўзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистонро табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи ҳамватанон саломатӣ, хушбахтӣ, сарбаландӣ таманно менамоям.

Поделиться в