Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

16-рўзи мубориза алайҳи хушунати гендерӣ

25 ноябри 2021, панҷшанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо ба амалишавии барномаи «Нури рушноӣ» дар Тоҷикистон ва баргузории маъракаи ҷаҳонии «16-рўзи мубориза алайҳи хушунати гендерӣ» расман оғоз менамоянд.
Имрўз ҷиҳати оғози расмии маросими ташаббуси «Нури рушноӣ» дар Тоҷикистон дар доираи маъракаи ҷаҳонии «16 рўзи амал зидди зўроварӣ нисбати занон» бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Ҳамоҳангсози кишварии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо ва намояндагони агентиҳои СММ дар Тоҷикистон чорабинии иттилоотӣ доир гардид.
Амалишавии ташаббуси “Нури рушноӣ” дар Тоҷикистон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2021, №186 “Дар хусуси лоиҳаи ёддоштҳои табодулӣ дар мавриди амалисозии Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташаббуси "Нури рӯшноӣ" роҳандозӣ гардида, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллӣ вобаста ба амалишавии лоиҳаи мазкур муайян гардидааст.
Натиҷаҳои пешбинишавандаи ташаббуси “Нури рӯшноӣ” ин ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ва бархурдор гардидани онҳо аз дастрасии беҳтар ба адолати судӣ ва хизматҳои босифате, ки аз ҷониби мақомоти қонунгузор, иҷроия ва суд дар ҳамаи сатҳҳо ба таври шаффоф, масъулиятнок ва бо таваҷҷуҳ ба масоили гендерӣ расонида мешаванд, ҳамзамон, занон, ҷавонон, кўдакон, маъюбон ва дигар гурўҳҳои осебпазир аз ҳама гуна зўроварӣ ва табъиз ҳифз мегарданд.
Аз ин рў, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии аҳолӣ, мусоидат ба муколама, таъмини уҳдадориҳо ва нишон додани пешравии якҷоя дар коҳиш додани зўроварии гендерӣ амали якҷояи ташаббуси “Нури рушноӣ” ва маъракаи “16 рўзи фаъолияти фаъол зидди зўроварии гендерӣ” дар сатҳи миллӣ ба роҳ монда мешавад.
Ҳадафи ташаббуси “Нури рушноӣ” барои хотима додан ба ҳама гуна шаклҳои хушунат нисбати занон ва духтарон, бархурдор гардидани занону духтарон аз ҳуқуқњои худ ба зиндагии бехушунат равона гардида, дурнамои амалишавии он дар Тоҷикистон то моҳи декабри соли 2022 муайян шудааст.
Барнома тавассути вокуниш ба ниёзҳои занону духтарон, рафъи сабабҳои асосии зўроварӣ нисбати занон ва духтарон бо истифодаи ҳамкориҳои бисёрсоҳа ва байнисоҳавӣ муосидат хоҳад кард.
Дар фарҷоми муаррифии лоиҳаи ташаббуси "Нури рушноӣ" вобаста ба амалишавии он бо иштироки доираи васеи намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ доир гардид.

Поделиться в