Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Натиҷаи ниҳоии озмуни “Беҳтарин ашъор дар васфи падар”

21 феврали 2020, ҷумъа

 

Оила асоси пойдории давлат ва ҷамъият ба ҳисоб меравад. Оилаи солим маскани тавлид, тарбия ва нашъунамои насли оянда ва ҳаёти ҳар як аъзои оила мебошад. Нақши оила дар ташаккули шахсият хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Бо дарназардошти муҳимияти нақши оила Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои таҳкими муносибатҳои оилавӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар заминаи анъанаҳои волои оиладории тоҷик тадбирҳои қонунгузорӣ ва ташкили чорабиниҳои мухталифро дастур додаанд, ки ҳадафи аслии онҳо боло бурдани мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ, инчунин нигоҳ доштани он ҳамчун арзиши ивазнашаванда дар фарҳанги миллӣ мебошад.

Дар фарҳанги миллати тоҷикон одоби баланди барпо намудани оила ва риояи одоби оиладорӣ, эҳтироми падар ҳамчун шоҳсутун, қиблагоҳ, пуштибон ва сардори оила аз хислатҳои неки миллат маҳсуб меёбанд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон зинаи нави камолоти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ такмил дода шуда, озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявӣ, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор мегарданд, ки зимни баҳрабардориву ибратомӯзиҳо ба илму фарҳанги миллат, анъанаҳои беҳтарини миллӣ ва суннатҳои хуби ниёгон арҷ гузошта мешавад. Озмуни “Беҳтарин ашъор дар васфи падар” низ аз шумули чунин чорабиниҳост, ки дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ...” бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид.

Ҳадафи ташкил ва баргузор намудани озмуни “Беҳтарин ашъор дар васфи падар”  ин гиромидошти эътибори падар дар оила ва ҷомеа, арҷ гузоштан ба қадру манзалати падар буда, мақсади он ба мустаҳкам намудани муносибатҳои оилавӣ, пос доштани эҳтироми волидон, расму ойини оиладорӣ, таҳкими манзалати падар дар рушди маънавии фарзанд, ташаккули одобу ахлоқи фарзанд ва  дар рўҳияи худшиносиву худогоӣ, ошноӣ тарбия намудани фарзанд, шиносоӣ бо таъриху тамаддуни фарҳангсолории миллати тоҷик равона гардидааст.

Озмуни мазкур  аз рўи бахшҳои   

  1. Суруди беҳтарин дар васфи падар
  2. Шеъри беҳтарин дар васфи падар
  3. Иншои беҳтарин дар васфи падар

 

 сурат гирифта, дар он шахсоне, ки ҳунари шеъру шоирӣ,  эҷодкорӣ дар назму наср ва ҳунари хуби сарояндагӣ доранд, новобаста аз синну сол, дараҷаи маълумот ва мақоми иҷтимоияшон иштирок намуданд.

Аз ҷониби ҳайати Кумитаи тадорукот маводҳои воридгардида мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, аз шумораи умумии 46 нафари иштироккунанда 14 нафар ѓолибони озмун дар се номинатсия бо ҷудо гардидани 5 ҷой барои  номинатсияи беҳтарин шеър ва иншо, 4 ҷой барои номинатсияи суруди беҳтарин муайян гардиданд.

Дар номинатсияи шеър 1 нафар бо ҷойи 1, 2 нафар бо ҷойи 2 ва 2 нафар бо ҷойи 3, дар номинатсияи иншо 1 нафар бо ҷойи 1, 2 нафар бо ҷойи 2 ва 2 нафар бо ҷойи 3, дар номинатсияи суруд 1 нафар бо ҷойи 1, 2 нафар бо ҷойи 2 ва 1 нафар бо ҷойи 3 ғолиб дониста шуданд.

Ғолибон бо туҳфаҳо ва Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми Кумитаро дастгирӣ намуда,  8 нафар ғолибони озмунро бо туҳфаҳо ва Сипоснома қадрдонӣ намуд.

 

Поделиться в