16-рузи алайҳи хушунат нисбати занон"
Дар доираи Маъракаи Иттилоотии "16-рузи алайҳи хушунат нисбати занон"дар телевизиони вилояти Суғд барномаи "Назаре ба оина" бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доир гардид, ки дар он ҳамаи субъектони пешгирии зуроварӣ дар оила иштирок намуда, бобати ин масоили мубрами руз фикру андешаҳои худро иброз намуданд. Корманди ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон "Гулрухсор"-Сабоат Бобоҷонова низ иштирок намуда, дар бораи нақши ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон "Гулрухсор" дар пешгирии зуроварӣ дар оила, чорабиниҳо дар доираи Маъракаи Иттилоотӣ, теъдоди муроҷиаткунандагон ба ташкилот ва омилҳои пешгирии зуроварӣ дар оила маълумот дод.