Вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотӣ
01 декабри 2021, чоршанбе
Вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолият оид ба фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсия бар зидди бемориҳои коронавирус дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардида истодааст. Дар вохурӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб намояндаи Кумита Муродова Дилбар иштирок ва суханронӣ намуд.
Чунин вохӯриҳо аз ҷониби муовини Раиси Кумита Абдулмаинзода Заррина дар дигар Ҷамоатҳои деҳоти вилояти Хатлон, аз ҷониби Исломова Боғигул дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва Азимова Маҳбуба дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардида истодаанд.