Падар
Эй нуру ниёзи хонадонӣ, падарам,
Андар сари мо ту соябонӣ, падарам.
Ҳар гаҳ назаре ба рӯи ту мефиканам,
Чун шамъи даруни дидагонӣ, падарам.
Меҳроби дилам, ки даргаҳи меҳр шуда,
Меҳроби маро ту меҳрбонӣ, падарам.
Хуштар набувад, маро ба ҷуз хушсуханет,
Хушрӯз манам, ки хушбаёнӣ, падарам.
Ин ҳастии мо нишонаи ҳастии туст,
Ту ҳастии мағзи мағзи ҷонӣ, падарам.
Ту қуввати қалбу китфу бозӯи манӣ,
Нерӯи дили шикастаҷонӣ, падарам.
Ман меваи нахли боғи армони туям,
Соҳиби умеду ормонӣ, падарам.
Панди ту чароғи раҳнамо Осимро,
Дар сина муҳаббати ниҳонӣ, падарам