Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба имунизатсия фаро гирифтани аҳолӣ

07 декабри 2021, сешанбе

Бо мақсади бо имунизатсия фаро гирифтани аҳолӣ  гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳайати Сардори раëсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раҳимзода Раъно, директори МТТҲС Ҳақназарова Балхиë мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонони Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Умарзода Басфия дар якҷоягӣ бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳои ноҳияи Кӯшониён, директори Марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии ҷамоат дар ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониëн ситоди корӣ таъсис дода, дар ҳудуди деҳаҳои ҷамоат бо усули хона ба хона корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.

Поделиться в