16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ
10 декабри 2021, ҷумъа
Санаи 10 декабр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ дар доираи лоиҳаи "Равзанаи умед" -и ташкилоти ҷамъиятии "Мумтоз" бо дастгирии барномаи минтақавии Ташаббуси "Нури рушноӣ" барои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон , дар якҷоягӣ бо нақша - чорабиниҳои бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар доираи маъракаи умумиҷаҳонии "16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ" ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила" Форуми ноҳиявӣ таҳти унвони "Фарҳанги оиладорӣ" бо мақсади ташкили вохӯрии се насл баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур мудири шӯъбаи иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳати Рустам, аъзоёни Шӯрои занони сулҳофари назди Кумитаи кор бо занон ва оила, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, собиқадорони меҳнат, нозири пешгирии зӯроварӣ дар оила, аҳли ҷамоатчигӣ, занону ҷавонон ва фаъолони ноҳия иштирок доштанд.
Чорабинӣ аз тарафи роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии "Мумтоз", раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ Рухшона Шобудинова ифтитоҳ ёфта, сипас мудири шӯъбаи иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳати Рустам суханронӣ намуд.
Баъд аз суханронии меҳмонон ва собиқадорон аз тарафи волонтёрони ташкилот, донишҷуёни Коллеҷи техникӣ-омузгории ноҳия, намоиши театр-форум таҳти шиори "Оилаи хушбахти ман " ва видеороликҳо иҷтимоӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Иштирокчиёни чорабинӣ махсусан ҷавонон намоишро хуб қабул намуда, мавриди баррасӣ қарор дода, фаъолона дар намоиш иштирок намуданд.
Дар анҷом сарояндагони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини консертӣ хотири ҳозиринро болида намуданд.
Инчунин, аз ҷониби волонтёрони Ташкилоти ҷамъиятии "Мумтоз" аксияи тарғиботиву иттилотӣ таҳти шиори "Дунёро норинҷӣ месозем " дар маркази шаҳраки Сомониён баргузор гардида, варакаҳои иттилотию машваратӣ паҳн карда шуд.