Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Бонуи тоҷик - нахустсафири Тоҷикистон

16 декабри 2021, панҷшанбе
 
Муҳтарам Рухшона Эмомалӣ
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъин гардидани Шумо ба вазифаи Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, ки дар таърихи 30 - солаи давлатдории давлати ҷавони соҳибистиқлол нахустпадидаи фараҳманду хушиқбол барои модарони тоҷик ва исботи таваҷҷуҳу дастгириҳо ва ғамхориҳои пайваставу беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занону бонувон аст, ифтихори беандоза дорад.
Шумо имрӯз мазҳари хидмати шоиста ба давлату миллат ҳастед. Новобаста аз ҷавонии хеш дар умури сиёсат ва давлатдорӣ масъулияти хело баландро ба ӯҳда доред, ки ин қудрату ҷасорати Шумо барои бонувони тоҷик намунаи ибрат аст.
Бо дуои кулли модарони тоҷик, ки қавитар аз сипари фулодин аст, ба Шумо, бонуи қавиирода дар фаъолияти заҳматталаб муваффақиятҳои беназир таманно менамоем ва бигузор, сафи Шумо барин бонувони сиёсатмадор дар арсаи байналмилалӣ зиёда гардад.

Поделиться в