Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Нерўи тозаи занон аз паём

22 декабри 2021, чоршанбе
Паёми имсолаи ироанамудаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба занону бонувони сарбаланди тоҷик боз як нерў ва рўҳу илҳоми нотакрореро зам намуд, чун дар суханронии Пешвои муаззами миллат нақши бузурги занон дар эъмори ҷомеаи демокративу дунявӣ ва рушди иқтисоди миллии кишвар фаъол арзёбӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки имрўз соҳаеро наметавон ёфт, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи соҳаи кишоварзиро кадрҳои соҳибихтисос аз ҳисоби занону бонувон ташкил дода, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд. Аз ин рӯ, мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар вазифаҳои роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки "Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад. Таҳия ва пешниҳоди Барномаи мазкур барои то ба 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд мусоидат хоҳад кард.
Як нуқтаи муҳими дигаре, ки Пешвои муаззами миллат аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ин дар замони соҳибистиқлолии мамлакат 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кўҳистон тибқи квотаи Президентӣ ва 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро хатм намуда, боз 100 ҳазор нафар духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд. Зиёда аз 8 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, ки ин аз сатҳи баланди маърифатнокӣ, донишандӯзӣ ва забондонии ҷавондухтарон шаҳодат медиҳад.
Сарчашмаи ҳамаи ин дастовардҳо албатта, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил гардидан ба зиндагии босаодат ва бунёди Тоҷикистони навин таҳти сарварии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати оқилонаи «дарҳои кушод»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки аҳли башар онро шинохта карданду эътироф намуданд.
Занону бонувони тоҷик аз ғамхориву дастгириҳои навбатӣ ва таваҷҷўҳи бемайлони Пешвои муаззами миллат миннатпазирии хешро изҳор намуда, минбаъд низ дар рушду нумўи кишвари соҳибистиқлоли хеш чун нерўи созандаву бунёдкор саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Поделиться в