Ҷоизаи навбатӣ ба олимаи тоҷик муборак бошад
23 декабри 2021, панҷшанбе
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова, директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физика ва математика, узви вобастаи АМИТ-ро бо сазовор гардидан ба Ҷоизаи навбатии байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод» табрику муборакбод менамояд, ба муаллимаи азиз сиҳатмандӣ ва дар ҷодаи пажӯҳишҳои минбаъдаи илмии соҳавӣ барору комёбиҳо таманно менамояд.Ба муваффақиятҳою дастовардҳои назарраси ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мушарраф гардидани занону бонувон далолат аз таваҷҷуҳ, ғамхориҳо, дастгириҳо ва имкониятҳои фароҳам овардашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин қишри ҷомеа аст.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод» ҷоизаи асосии ИДМ барои дастовардҳои баландтарин дар соҳаи гуманитарӣ буда, ба лауреатон аз 9 кишвари ИДМ дар маросиме, ки рӯзи 21 декабри соли 2021 дар шаҳри Маскав баргузор гардид, супорида шуд.
Бояд гуфт, ки Гулчеҳра Қоҳирова соли дуюм аст, ки ин мукофотро соҳиб мешавад. Вай аввалин зани олим дар Тоҷикистон аст, ки ин ҷоизаро соҳиб гардидааст.
Самти асосии тадқиқоти илмии ӯ ҷисмҳои хурди системаи Офтоб, хусусияти физикӣ ва динамикии онҳо, пайдоиш ва муносибати байни онҳо мебошад. Вай барои омӯхтани спектрҳои метеорҳо усули ҳақиқие кор карда баромад, ки дар асоси он оид ба таркиби микдори моддаи метеорӣ натиҷаҳои нав ба даст оварда шуданд.
Таҳти роҳбарии Г. Қоҳирова дар Тоҷикистон шабакаи болидӣ таъсис ёфт, ки дар Осиёи Марказӣ аввалин шабака ва то ҳол ягона аст.