Бонуи сиёсатмадори миллат
27 декабри 2021, душанбе
Муҳтарам Раҳимова Биҷоҳал Фатҳиддиновна
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли ихлосу иродат ва лутфу самимияти беандоза зодрўзи хуҷастаатонро самимона табрику муборакбод намуда, ба Шумо, бонуи сиёсатмадори миллат, ходими ҳизбию давлатӣ саломатӣ, умри дарози пур аз шодиву нишот, комёбиҳои беназир ва пирўзиҳои пай дар пайро орзу менамоем.
Хушбахт касест, ки бо кору рафтори нек сазовори боварию эҳтироми мардум мегардад. Шумо, муаллимаи азиз, маҳз аз зумраи шахсиятҳое мебошед, ки дар ҷамъият бо хизматҳои арзандаи худ ҷойгоҳи хосаеро пайдо намудаед. Рисолати баланду пурмасъулияти ватандорию ватансозӣ ва хизмати содиқонаатон ба халқу миллат аз хираду заковати азалии Шумо гувоҳӣ медиҳад, ки занону бонувон имрўз дар пайравии роҳи тайнамудаатон бо тарбияи насли худогоҳу худшинос қарзи фарзандии худро дар назди Ватан сарбаландона адо намуда истодаанд.
Хизматҳои арзандаи Шумо чун ходими ҳизбию давлатӣ баҳри татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар барои саодату шуҳрати миллат, ободию шукуфоии Ватан намунаи ибрат буда, зиндагиномаатон як дастури муфиди ҳаётӣ барои ҳар як насли ҷавони ин миллату ин сарзамин мебошад.
Ба Шумо, бонуи оқилаву хоксор, хирадманду қавипайкар дар ин рўзи фараҳбахш саодатмандӣ ва рўзгори ободу осударо таманно намуда, орзуманди онем, ки бо забону гуфтори пандомезу шакаррезатон минбаъд низ дар рушди камолоти маънавии занону бонувон, ҷавонону наврасон саҳми беандозаи худро мегузоред. Бигузор ҳар лаҳзаи ҳаётатон бо пайвандону наздикон, ёру дўстон пур аз фараҳу шодӣ бошад.