Табрикоти Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ба муносибати Соли Нави мелодии 2022
01 январи 2022, шанбе
Бо як чаҳон меҳру ихлос ва фараҳмандӣ кулли занону бонувони Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати Соли Нави мелодии 2022 муборакбод гуфта, ба якояки Шумо рӯзгори босаодат, иқболи баланд, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон пешрафту ободии босуръат орзу менамоям.
Чуноне ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, нақш ва саҳми занону бонувони қавииродаи кишвар дар рушду нумуи иқтисоди миллӣ назаррас мебошад.
Бешак, музаффариятои иқтисодию иҷтимоии бадастовардаи кишвар дар замони 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат ва саҳми назарраси занону бонувони тоҷик аз ояндаи неки давлати соҳибистиқлол ва миллати тамаддунсозу ободгорамон башорат медиҳад.
Ва албатта, сарчашмаи ҳамаи ин дастовардҳо сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил гардидан ба зиндагии босаодат ва бунёди Тоҷикистони навин таҳти сарварии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Мутмаинам, ки дар пайравӣ ба Пешвои муаззами миллат мо, занону модарони сарбаланди тоҷик ҳамаи ҳадафҳои неки пешгирифтаи давлату ҳукумати мамалакатро минбаъд низ тадриҷан амалӣ мегардонем ва дар ободии Ватани азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми густурдаи худро мегузорем.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар занону бонувон, модарону хоҳарони Тоҷикистони азизро ба ифтихори Соли Нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо хонаи обод, рӯзгори хушу осуда ва зиндагии пурфайзу пурбаракатро орзу менамоям.
Бигузор, Соли 2022 ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ саломатӣ, саодати рўзгор, хуррамӣ, якдиливу сарҷамъиро арзонӣ дорад ва соли фатҳи куллаҳои баландтарини ҳаёти ҳар яки мо гардад.