Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

ТАБРИКОТИ Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори солгарди мавлуди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ

03 январи 2022, душанбе
 
     Бо мақдами сапеду мубораки Соли Нави мелодӣ мавлуди хуҷастапайи Шуморо, муаллимаи азизу гиромӣ, бо арзи эҳтироми беандоза табрику таҳният гуфта, сиҳатмандиву сарбаландӣ ва рӯзгори хушу пурбаракатро таманно менамоем.
    Шумо имрӯз мазҳари хидмати шоиста ба давлату миллат ҳастед ва дар умури сиёсату давлатдорӣ масъулияти хеле баландро бар дӯш доред, ки ин қудрату ҷасорататон барои мо, занону бонувон намунаи олии сарсупурдагӣ ба давлату миллат аст.
   Бигузор, қадами пурсаодату файзбори зодрӯзатон дар соли 2022 ба Шумо нуру зиё, файзу сафо, шодиву нишот, сарбаландию комронӣ ба бор оварад.
   Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳумоюнрӯзи мавлудатонро сидқан муборакбод гуфта, ба Шумо бахту саодат, калиди музаффариятҳо, иқболу пирӯзиҳоро орзу менамоем.
   Рӯзи фирӯзи мавлуд муборак, муаллимаи гиромӣ!

Поделиться в