ЭЪЛОН
03 январи 2022, душанбе
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои ишғоли мансабҳои зерин ОЗМУН эълон менамояд:
1.Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои Кумита 1- ҷой;
2. Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои Кумита -1 ҷой;
3. Мутахассиси пешбари бахши умумии Кумита -1 ҷой.
Талабот ба довталабон:
Талаботи тахассусӣ барои сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳо:
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани забонҳои хориҷӣ;
- малакаи хуби кор бо технологияи компютерӣ
Музди меҳнат – 1311 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳо:
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани забонҳои хориҷӣ;
- малакаи хуби кор бо технологияи компютерӣ
Музди меҳнат – 1069 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои мутахассиси пешбари бахши умумӣ:
- таҳсилоти олии ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани забонҳои хориҷӣ;
- малакаи хуби кор бо технологияи компютерӣ
Музди меҳнат – 1069 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
- варақаи баҳисобгирии кадрҳо;
- 2 адад акси 4х6;
- нусхаи диплом;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);
- нусхаи шиноснома;
- шарҳи ҳол;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома (справка-объективка);
- маълумотномаи доғи судӣ.
Қабули ҳуҷҷатҳо аз рӯзи чопи эълон оғоз гардида, рӯзи охирини қабул баъд аз 21 рўзи чопи эълон мебошад.
Суроға: ш. Душанбе, хиёбони Лоҳутӣ, 14 3772 – 227-24-38
e-mail: kumitaizanon@mail.ru.