Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

06 январи 2022, панҷшанбе
Бо мақсади тарғиби нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси ҷадвали тасдиқгардида вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории мулоқоту вохӯриҳоро бо интихобкунандагони худ оғоз намудаанд ва дар маҳалҳо бо мардуми касбу кори гуногун ҷамъомаду маҷлисҳо доир намуда истодаанд.
Чунин як ҷамъомад санаи 4 январи соли 2022 дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мирзозода Мавлуда Зайнӣ вакил аз ҳавзаи интихоботии “Бобоҷон Ғафуров, №14” ва Ахмедов Мирзоанвар Халифаевич – вакил аз ҳавзаи интихоботии “Ӯрунхоҷаев №15” доир карда шуд.
Маҷлисро раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, занон, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон ва дигар иштирокдорони ҷамъомад оид ба паҳлуҳои мухталифи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамовозии худро баён намуда, ҷиҳати амалӣ гардонидани ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат ақидаҳои ҷолиб пешниҳод карданд.

Поделиться в