Пешгирии хушунат ба хотири солимии оила
13 январи 2022, панҷшанбе
Бо мақсади пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, солим нигоҳ доштани фазои оиладорӣ ва танзими муносибатҳо дар оила шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар асоси "Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 -2023" бо иштироки коршиносон, номзади илмҳои педагогӣ, равоншинос, декани факултаи таҳсилоти томактабии Донишгоҳи педагогии Тоҷикистон Зарина Кенчаева, Директори МД "Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе" Манзура Саломова ва мураббияҳои муассисаҳои томактабии ноҳияи фирдавсӣ семинари омӯзишӣ баргузор намуд.