Муроҷиатномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба модарону бонувон ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон
Модарону бонувони иззатманди Тоҷикистони соҳибистиқлол!
Мо модарон ва бонувон маъракаи муҳими сиёсии кишвар - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят, ноҳия ва ҷамоатҳо, ки он кафолатдиҳандаи муваффақ гардидан ба рушди устувори иқтисодии кишвар, беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ, инчунин муҳайё сохтани шароит барои зиндагии шоистаи сокинони мамлакат мебошад, ҷонибдорӣ намуда, кулли занону бонувони соҳибфарҳангу соҳибхиради кишварро барои иштироки фаъолона даъват менамоем.
Дастгирии занону бонувон дар меҳвари сиёсати имрӯзаи рушди давлатдории милли Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои ҳарчӣ беҳтар гардонидани шароити маънавию ахлоқӣ,таҳсилу фаъолияти кории занону бонувон, иштироки занону бонувон дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангии кишвар, ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ ва саҳми онҳо дар рушди босуботи мамлакат чораҳои мушаххас андешида мешавад.
Аз ин рў, иштироки фаъоли занону бонувон дар интихобот муҳим буда, овози онҳо - саҳми арзанда дар созандагӣ ва рушди босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Иштирок дар интихобот яке аз вазифаҳои ҷонӣ ва қарзии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар, хосатан модарону бонувон аст.
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рўзҳои гарму нарми баҳори нозанин ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ин маъракаи барои халқу миллат тақдирсоз дуои модарона дода, таманнои онро дорем, ки фазои тинҷу ороми Тоҷикистони биҳиштосо, сулҳу Ваҳдат ва Истиқлолияти комили он поянда бошад.
Биёед, якдилона, баҳри зиндагии арзандаю созанда талош намоем.
Ҳамаро барои иштироки фаъолона ва дастаҷамъона ба интихоботи Рўзи 1-марти соли 2020 даъват менамоем!
Мо Шуморо бо аҳли хонадон дар участкаи интихоботӣ интизорем!