Шарҳу тавзеҳи Паёми Сарвари давлат
13 январи 2022, панҷшанбе
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканд дар Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и шаҳр вобаста ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо донишҷӯён вохӯрӣ гузарониданд.
Дар ин вохӯрӣ раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Султонов Ҳ., собиқадори меҳнат Кабиров М., мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Левакант Халилова Н., мудири бахши САҲШ Ширинзода М., сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Нури Сарбанд» Ашуров О., мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти КИ ҲХДТ дар ш. Левакант Муъминов Ф. ва сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Сафарзода Ш. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст Султонов Ҳ. раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, вобаста ба афзалият додани соҳаи маориф аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ ибрози назар намуд.
Мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканд Халилова Н. дар ҳамбастагӣ ба нуқтаҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ дар самти пешгирии шомилшавии занону духтарон ба гуруҳҳои ифротӣ, пешгирии сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, ба касбу ҳунар ҷалб гардидани духтарон андеша баён намуд. Ҳамзамон мудири бахши САҲШ Ширинзода М. низ ҷиҳати пурра ба ҳаёти оилавӣ омода шудани ҷавонон ибрози назар намуд.
Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳр, Муминов Ф. низ дар ин вохӯрӣ ҷиҳати касбомӯзию забономӯзӣ, тарғиби ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаи назари худро баён намуд.