Мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон- варзишгари мумтоз
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бонуи варзишгари сатҳи байналмилалӣ, варзишгари мумтозу зафарёфта Мавзуна Чориева ҷиҳати ба вазифаи мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуданашон табрику таҳният гуфта, барояшон дар фаъолияти меҳнатӣ ва варзишӣ бурдборию сарфарозӣ, нишоту камол ва саодатманидию пирузиро хоҳонем. Маҳз чунин масъулияти баланди як бонуи парчамбардори тоҷик буд, ки имруз дар арасаи байналмилалӣ Тоҷикистони азизро ҳамчун як давлати сулҳофару тамаддунсоз ва дастгири мавқеи шоистаи занону бонувон пазируфтанд. Масъулияти миллӣ муборак бошад!!!