Шӯрои занон
17 январи 2022, душанбе
Дар толори Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Шӯрои кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид. Дар ҷаласа, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр Нозимова Фаришта, раисони Шӯрои занони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Саравал, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки имрӯзҳо бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо кардаанд. Имрӯзҳо занон дар тамоми соҳаҳо кору фаъолият намуда истодаанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб низ занону бонувони соҳибкасбу соҳибмаърифат зиёданд, ки айни замон дар соҳаҳои гуногун кору фаъолияти назаррас доранд.
Дар идома мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Нозимова Фаришта оид ба фаъолияти шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар соли 2021 ҳисобот дод.
Дар кори Шӯро бобати пешгирии амалҳои номатлуб, бегонапарастӣ, ҷинояткорӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар анҷоми ҷаласа нақшаи кории шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва ҳайати нави Шӯрои занон дар шаҳр тасдиқ карда шуд.