Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Модарон ва бонувони иззатманд!

02 марти 2020, душанбе

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳтирому садоқат ва орзуҳои нек омадани баҳори гулбасару фасли шукуфтанҳо, ки бо фарорасии Рўзи Модар тавъам аст,  ба кулли модарон ва бонувони Тоҷикистони соҳибистиқлол табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, саодати рӯзгор,  сарбаландию хонаободӣ ва бурдбориҳоро таманно менамояд.

Зан - Модар чашмаи софу зулол ва  нурбахши ҳаёт буда, чун гулҳои зебои баҳор рӯзгорро муаттару мунаввар мегардонад. Ниҳоди поки модар  шабеҳи насими рӯҳбахши ҳаёт аст, ки ба ҳастию рӯзгори мо тароват, меҳру садоқат ва дӯст доштани зиндагиро мебахшад.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мартабаи модарону бонувони тоҷикро дар ҷомеа шоиста дониста, арз медоранд, ки “Модар гаронбаҳотарин дороии як миллат аст ва ба андозае арзиш дорад, ки метавон гуфт: Ҷомеа замоне ба авҷ мерасад, ки битавонад аз кор ва кирдорҳои модар пуштибонӣ кунад”.

Рисолати модар бо дили бузурги ӯ ҳамбастагӣ дорад, модар барои фарзанд фидоӣ аст, қалби содиқи ў то дараҷае ба таппиш меояд, ки  гоҳо чун уқёнус пурталотум аст ва аз қаъри баҳр рисқи ноёфтро барои фарзандаш пайдо месозад, гоҳо аз гармии офтоб нерӯи созанда мегирад, гоҳо аз сардии зимистон худ мисли хуршедсифат нурпошӣ мекунад. Сурати модар гувоҳи рӯзгори пурталотум, сираташ чун таровати баҳору ҳавои софу беғубор, ќоматаш гувоњи аз гузашти рӯзгор, дастони пурнавозишаш ба мисли ҷозибаи ҷисми кайҳонист, ки саратро ба осмонҳо мебарад ва ҳар боре, ки сар ба китфи модар мегузорӣ, матонати Рустамонаашро эҳсос мекунӣ. Достони модар ҷасорати Афлотуни доност, ки ҳар панди рӯзгореро бароят ҳадя месозад, суханаш мисли Рӯдакӣ равону таскинбахш аст, оғӯшаш тавонбахшу ҳаётбахш аст, ки дунёи ҳар яки моро дигар кардааст.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки занону бонувони барӯманди тоҷик дар раванди иљрои рисолати офарандагию тарбиятгарии худ масъулияти нигоҳ доштану ҳифз кардани арзишҳои миллӣ, густариши фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки ниёгон истодагарӣ карда, дар татбиқи сиёсати хирадмандонаю сулҳпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат, дар рушду нумӯи кишвари азиз - Тоҷикистони соҳибистиқлол, тарбияи фарзандони баору номуси Ватан саҳмгузор хоҳанд буд.

Рӯзи Модар муборак, модарон ва хоҳарони арҷманд!

 

                                                       

                                             Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди

                                    Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Поделиться в