Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

ПАЁМ - ТАТБИҚГАРИ САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР

19 январи 2022, чоршанбе
 
 Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳбалад” вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода ва мудири шуъбаи кор бо занони КИВ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҷабзода Қурбонгул оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, иброз доштанд, ки амалигардонии ҳадафи стратегии кишвар саноатикунонии босуръат имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда мешавад. 
 

Поделиться в