Ба имунизатсия фаро гирифтани аҳолӣ
19 январи 2022, чоршанбе
Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканд дар якҷоягӣ бо кормандони муассисаи КАТС, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиро оид ба иммунизатсия фаро гирифтани аҳолӣ дар кучаҳои Борбад- 30, 31 ва 33 ва деҳаҳои Нурафшон ва деҳаҳои Сарбанд 1 ва 2 ба роҳ монданд.
Зимни бурдани корҳои фаҳмондаддиҳӣ тариқи усули " Хона ба хона" гуруҳи корӣ ба шаҳрвандон оиди риояи гигиенаи шаҳсӣ, худдорӣ намудани ҷавонон аз гашту гузори оммавӣ, шабгардӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, пушидани сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона,пешгирии ҷудошавии оилаҳо ва никоҳи бармаҳал ва дигар омилҳои номатлуб суҳбатҳо намуда, ба падару модарон тавсияҳо доданд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон масъулиятшинос бошанд.
Ин икдом аз тарафи гуруҳи корӣ дар дигар кучаҳои шаҳр ва деҳаҳои ҷамоатҳои деҳот ба роҳ монда мешавад.