Рейди муштараки гурӯҳи корӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳо
24 январи 2022, душанбе
Тибқи нақшаи кории МИҲД-и вилояти Хатлон, гурӯҳи корӣ иборат аз ичрокунандаи вазифаи сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Амирзода Аловиддин, сармутахассиси бахши ҳуқуқи кӯдаки МИҲД-и вилоят Юсуфов Ҷ., сармутахассиси Раёсати маорифи вилоят Сафаров Д., мутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилоят Содиқов М. дар ҳамоҳангӣ бо намояндагони МИҲД-и ш. Левакант, котиби комиссияи ҳуқуқи кӯдак, бахшҳои маориф, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, бахши дин, танзими анъана ва ҷаншу маросимҳои ҶТ дар ш. Левакант ва намояндагони ШВКД дар шаҳр рейди муштарак гузарониданд.
Ин рейди гурӯҳӣ дар бозори марказӣ, марказҳои бозиҳои комютерӣ, марказҳои дилхушию тарабхонаҳо ба хотири пешгирии ҷавонону наврасон аз ҳар гунна амалҳои номатлуб сурат гирифт.
Пас аз гузаронидани рейд, гурӯҳи корӣ дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳр, бо хонандагони зинаи сеюми таҳсилоти муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон маҷлис гузарониданд.
Аловиддин Амирзода ичрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят-зимни суханронии худ бобати пешгирӣ аз терроризму экстримизм, худшиносиии миллӣ, пешгири аз нашъамандӣ ва дигар амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон дар ҳамбастаги ба Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ ибрози назар намуд.