Зан олиҳаи меҳр
Ба хотири гиромидошти Рӯзи Модар таҳти унвони "Зан олиҳаи меҳр" мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинии идона занони собиқадор аъзоёни Шӯрои занони сулҳовари назди Кумита, фаъолзанон раисони маҳаллаҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорзанону ҳунармандон тарбиятгирандпгони Муассисаи давлатии Маркази таълимии "Чароғи ҳидоят" - и назди Кумита донишҷӯдухтарони маркази "Сарвар" - и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Раиси Кумита зимни суханронӣ аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувони кишвар ёдовар шуда, зикр намуданд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому манзалати зан дар ҷомеа баланд гардида, Рӯзи Модар бо шаҳомати хоса таҳлил карда мешавад.
Қурбонзода Ҳ.Ҷ мавқеъ ва саҳми занони сиёсатмадорро дар рушду нумӯи мамлакат мусбӣ арзёбӣ намуда, такя ба нерӯи созанда, собиқадорону иштирокдорони чорабиниро ба ифтихори Рӯзи Модар муборакбод намуд. Дар навбати худ иштирокдорон ҷиҳати боз ҳам назаррас гардидани саҳми занону бонувон дар ҳалли масъалаҳои умдаи ҷомеа таклифу пешниҳодҳои судманд баён доштанд.
Қироати шеър дар васфи бузургии Модар ба чорабинӣ шаҳомати тоза зам кард.