Иқдоми Кумита
Ба ифтихори бузургдошти Рӯзи Модар аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъюбзани деҳаи Пушиони поёни ҷамоати деҳоти Раҷабови ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон Хоҷаева Саодат як адад дастгоҳи дӯзандагӣ тақдим карда шуд. Тазаккур бояд дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қисми хонаи маъюбзан Хоҷаева Саодат айни замон аз таъмири босифат баровардашуда, қисмати дигари он дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Хоҷаева Саодат аз ғамхориою дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оила назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон болидарӯ гардида, изҳори сипосгузорӣ намуд.
Қайд кардан зарур аст, ки рӯзи 7-уми март роҳбарият ва кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муборакодӣ намудани собиқадорони меҳнат-модарони арсаи сиёсату фарҳангро, ки то кунун дар рушду нумӯи Тоҷикистон соҳибистиқлол хизмати шоиста доранд, аёдат намуданд.