Корҳои фаҳмондадиҳӣ
26 январи 2022, чоршанбе
Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-ии шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо директори маркази солимии репредукдивии муассисаи КАТС Алимова З, директори маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Акрамова С, раиси Шурои занон ва ҷавондухтарони бахши маориф Эшова Б, дар литсейи давлатии -2 суҳбату вохуриро бо ҷалби модарон, ҷавондухтарони зинаи сеюми таҳсилоти муассисаи мазкур ва раисони Шуроҳои занон ва ҷавондухтарони муассисаҳои таълимии шаҳр доир намуданд.
Зимни суҳбат мудири бахши кор бо занон ва оила Халилова Н дар назди ҳозирин бобати тартибу интизом, рафтору одоб, риояи пушидани сару либос ва савияи дониши хонандагон бахусус ҷавондухтарон ибрози андеша намуда қайд карданд, ки таълиму тарбияи фарзандон бахусус ҷавондухтарон аз модарон бештар вобастагӣ дошта, модарон, директор ва омузгорони муассисаи мазкурро таъкид бар он намуданд, ки насли наврасро аз шабгардию оворагардӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, истифодабарии телефонҳои мобилӣ пушидани сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона ва дигар омилҳои номатлуб худдорӣ намуда, ҷавондухтаронро соҳибмаълумот, соҳибкасб, фаҳмонидани маърифати оиладорӣ ва омода намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона пешниҳодҳо доданд.