Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Диққат, диққат!!! (17.01.2019)

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 4 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП - 1140 тасдиқ шудааст, бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати сару либоси миллии тоҷикӣ, ороишу парвариши мӯй, ҳунари волои машшотаҳо ва бад - ин васила дар доираи расму оинҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи маросимҳои анъанавии мӯйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ ва намоиши гесӯи дарози тоҷикона бо савту навои тоҷикӣ аз ашъори баландпоя ва намоиши ҳунарҳои мардумиро дар робита ба баргузории Фестивали ҷумҳуриявии "Чакомаи гесӯ" моҳи марти соли 2019 ба нақша гирифтааст.

       Фестивали мазкур дар 3 давр баргузор мегардад. Ба хотири мукаммал намудани муҳтавои Фестивали болозикр Раёсати кор бо занон ва оилаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ҷашнвораи "Чакомаи гесӯ" кӯдакони аз 5 сола боло, духтарон ва занон бо мӯйи дароз, симои зебо, қадди мавзун ва чеҳраи миллидошта, ҳамчунин машшотаҳои моҳир ва ҳунармандони чирадастро даъват менамояд. Ҳадафи асосии Фестивали "Чакомаи гесӯ" намоиш, ороишу парвариши мӯй, рӯй, ҳаракати мавзун, муоширати духтарон, намоиши ҳунари волои машшотаҳо ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ мебошад.

Илова кунед