Диққат, озмун (15.10.2018)
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои ишғоли вазифаҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ОЗМУН эълон менамояд:
1.Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳо -1ҷой
- талаботи тахассусӣ- таҳсилоти олии касбӣ, бо ихтисоси ҳуқуқшинос; музди меҳнат – 930 сомонӣ.
2.Мутахассиси шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ- 1 ҷой
- талаботи тахассусӣ- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ; музди меҳнат – 804 сомонӣ.
Талабот ба довталабон:
- таҳсилоти олӣ;
Ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳодшаванда:
- аризаи шахсӣ ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо
- 2 дона расми андозаи 3х4
- нусхаи ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом);
- нусхаи дафатарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ;
- нусхаи шиноснома;
- шарҳи ҳол
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ
- нусхаи РМА (Рақами мушаххаси андозсупоранда)
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН)
- маълумотнома аз ҷои истиқомат
- маълумотнома (справка-объективка)
-маълумотномаи доғи судӣ
Донистани забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба инобат гирифта мешавад.
Қабули ҳуҷҷатҳо аз 11 октябри соли 2018 оғоз гардида, рӯзи охирини қабул баъд аз 21 рӯзи чопи эълон.
Суроға: ш. Душанбе, хиёбони Лоҳутӣ, 14 ( 3772 – 21-34-71. 227-24-38 e-mail:office@kumitaizanon.tjoffice@kumitaizanon.tj