Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Марҳамат ба озмуни "Кадбонуи беҳтарин"


Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.12.18, №АП-1140 тибқи банди 21 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 озмуни «Кадбонуи беҳтарин»- ро ба роҳ монд.

Мақсад аз баргузории озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ, эҳёи таомҳои миллӣ, эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, парвариши эҳсоси худошноӣ ва меҳанпарастӣ мебошад.

Озмуни мазкур аз се давр иборат буда, даври аввали он дар ҷамоатҳои деҳот, деҳа, шаҳрак, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар арафаҳои ҷашни Рӯзи модар ва Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид.

Даври дуюми озмуни «Кадбонуи беҳтарин» дар марказҳои вилояти Хатлон, Суғд, ВМКБ ва шаҳри Душанбе доир гардида, бештар аз 65 намуд таомҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуданд. Бо ҳунару маҳорати кадбонуҳои соҳибистеъдод чорабинӣ дар сатҳи олӣ гузаронида шуд.

Ҳамзамон, даври ҷамъбастии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» санаи 13.04.2019 соати 10:00 дар Муассисаи давлатии Боғи «Ирам» бо иштироки ғолибони даври якум ва дуюми озмуни мазкур баргузор мегардад.

Илова кунед