Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Таваҷҷӯҳ намоед!!!

Намунаи дархост барои иштирок дар озмуни грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Маълумот дар бораи соҳибкор

1.1 Насаб, ном, номи падари соҳибкор, шарҳи ҳол

1.2 Суроға, рақами телефон, факс, почта и

электронӣ

1.3 Ҳуҷҷатҳои расмии тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ (нусха)

1.4 Маълумот дар бораи суратҳисоби бо т нк ва қарздорӣ

1.5 Маълумотномаи нозироти андоз оид ба набудани қарз ва ӯҳдадориҳо

1.6 Маълумотнома аз ҷойи истиқомат, нусхаи шиноснома

1.7 Маълумоти мухтасар дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ:

- оғози фаъолияти соҳибкорӣ;

- самтҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ

1.8 Мактуби дастгирӣ аз раиси ноҳия ё шаҳр

2. Маълумот дар бораи Лоиҳа

2.1 Номи лоиҳа

2.2 Тавсифи лоиҳа ва асосноккунии масъала

2.3 Мақсаднок будани лоиҳа (мақсад бояд воқеӣ бошад)

2.4 Вазифаи лоиҳа

2.5 Мӯҳлати татбиқи лоиҳа (на камтар аз 6 моҳ)

2.6 Маблағи дархостшаванда

2.7 Макони амалигардонии лоиҳа

.8 Саҳми соҳибкор

2.9 Буҷети лоиҳа дар барномаи Excel (буҷети лоиҳа мушаххас, барои иҷрои лоиҳа асосноку мувофиқ ва бандҳои дар он дохилкардашуда муфассал пешниҳод карда мешаванд. Агар дар буҷети лоиҳа барои харидории таҷҳизот маблағ пешбинӣ шуда нархи як воҳиди он аз 2000 сомонӣ зиёд бошад, бояд ба лоиҳа нархнома (прайс лист) аз 3 ташкилоти истеҳсолкунанда ё таъминкунандаи таҷҳизот замима намуда, зарурияти харидории онро асоснок намоед)

2.10 Натиҷаҳои пешбинишавандаи татбиқи лоиҳа

Эзоҳ: Лоиҳаи грантӣ ба комиссия дар шакли чопӣ ва электронӣ пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳа бояд дар ҳаҷми на зиёда аз панҷ (5) саҳифа, дар барномаи MS WORD бо истифода аз шрифти Times New Roman Tj андозаи 14, бо забони тоҷикӣ, инчунин мувофиқати пурра ба талаботи озмун пешниҳод карда шавад.

3. Нақшаи татбиқи лоиҳа:

4. Ташкилот ва бонкҳое, ки Шумо барои дастгирии молиявӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур муроҷиат намудаед ва ё дар нақша доред, ки барои амалисозии лоиҳаи мазкур муроҷиат намоед, номбар кунед.

5. Оё Шумо таҷрибаи истифодабарии воситаҳои молиявии грантиро доред? Агар ҳа, онро тавсиф намоед.

_________________________________________________________


Дархостҳо ба бахши умумии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.

Суроғаи Кумита: шаҳри Душанбе, Хиёбони Лоҳутӣ 14.

Маълумоти иловагиро метавонед аз Сомонаи (сайти) Кумита дастрас намоед: www.kumitaizanon.tj

Рӯзи қабули дархостҳо: аз 1 март то 1 апрели соли 2019, соати 17:00

Телефон барои тамос: (992 37) 227-76-41

Озмун барои гирифтани Грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои соли 2017

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015, №645 «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020» соли 2017 80 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон таъсис дода шуд, аз ҷумла:

- 20 грант дар ҳаҷми 40 000 (чил ҳазор) сомонӣ;

- 20 грант дар ҳаҷми 30 000 (си ҳазор) сомонӣ;

- 20 грант дар ҳаҷми 20 000 (бист ҳазор) сомонӣ;

- 20 грант дар ҳаҷми 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ.

Мувофиқи Қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Грантҳо ба занон соҳибкорони инфиродӣ, ки лоиҳаи пешниҳоднамудаи онҳо ҷавобгӯ ба талаботи Қоидаҳои мазкур буда, ба рушди фаъолияти соҳибкории занон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани фаъолнокии занон дар бахши иқтисодиёт, таъмини рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат, ба шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирифтани заннону духтарон нигаронида шудаанд, ҷудо карда мешаванд.».

Дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи грантӣ аз намояндагони вазорату идораҳои дахлдор таъсис шуда, лоиҳаҳои ба озмун пешниҳодшударо баррасӣ менамояд.

Дархостҳои барои иштирок дар озмун пешниҳодшуда аз ҷониби Комиссия дар давоми ду моҳ пас аз анҷомёбии мӯҳлати қабули дархостҳо баррасӣ мегарданд. Дархостҳои тибқи намунаи муқарраргардида ба расмият дароварданашуда, аз ҷониби Комиссия баррасӣ карда намешаванд.

Танҳо 80 (ҳаштод) лоиҳаи грантии беҳтарин маблағгузорӣ карда мешавад. Ҳуҷҷатҳои лоиҳаи грантӣ, ки ба озмун пешниҳод шудаанду аз он нагузаштаанд, баргардонида намешаванд.

Илова кунед